Бо мақсади ҷалби бештари довталабон ба Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” ва иҷрои нақшаи қабули довталабон барои соли таҳсили 2025-2026, шуруъ аз 27 январи соли 2025 инҷониб дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон корҳои таблиғотию ташвиқотӣ роҳандозӣ гардидаанд.
Тибқи супориши роҳбари муассисаи давлатии таълимӣ, номзади илми тиб Одилзода Исмоил Ёқубҷон, аъзои комиссияи қабули довталабон бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мулоқотҳо доир намуда, ба онҳо маълумоти муфассал дар бораи ихтисосҳои мавҷуда, муҳлати таҳсил, шароит ва имкониятҳои таълимӣ пешниҳод карданд. Ҳамзамон, буклетҳои махсуси иттилоотӣ омода ва дар ихтиёри довталабон ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ қарор дода шуданд.
Дар доираи ин чорабиниҳо, ба ҳар як хатмкунанда даъватнома барои иштирок дар рӯзи дарҳои кушод тақдим гардид, то ки онҳо битавонанд аз наздик бо имкониятҳои таълимӣ ва муҳити коллеҷ шинос шаванд. Ин ташаббус на танҳо барои афзудани шумораи довталабон, балки барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии хатмкунандагон дар бораи ихтисосҳои тиббӣ ва аҳамияти онҳо дар ҷомеа нақши муҳим мебозад.
Ҳадафи асосии ин иқдом фароҳам овардани шароити мусоид барои интихоби дурусти касби ояндаи ҷавонон ва омода намудани мутахассисони ояндаи соҳаи тиб мебошад. Иқдоми мазкур шаҳодати таваҷҷуҳи роҳбарияти коллеҷ ба сатҳи баландтарини сифати таълим ва тарбияи кадрҳои баландихтисос дар соҳаи тандурустӣ мебошад.







