Санаи 21 феврали соли 2025 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, даври шаҳрии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид. Дар ин чорабинии фарҳангӣ, бо дастгирии бевоситаи директори муассиса, н.и.т. Одилзода Исмоил Ёқубҷон гулдухтарони Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар» низ бо омодагии ҷиддӣ ширкат варзида, ҳунару маҳорати худро ба намоиш гузоштанд.
Озмун аз рӯи якчанд бахшҳо сурат гирифт, ки дар онҳо довталабон малака ва завқи кадбонугии худро муаррифӣ намуданд. Аз ҷумла, онҳо дар пухтупази таомҳои гуногуни миллӣ, ороиши дастархон, истифодаи дурусти зарфҳо ва ҷойгиркунии ашёҳои рӯи миз, пешниҳоди таомҳои субҳона, хӯроки нисфирӯзӣ ва шом, инчунин шарҳи ғизонокӣ ва таркиби ҳар як таом маҳорат нишон доданд. Ғайр аз ин, довталабон маҳорати омода намудани хӯрокҳои маҳаллӣ, миллӣ ва муосирро ба ҳайати ҳакамон муаррифӣ карданд.
Мавриди зикр аст, ки гулдухтарони МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” бо маҳорати баланди кадбонугӣ, малакаи пухтупази таомҳои гуногун ва пешниҳоди зебои онҳо тавонистанд таваҷҷуҳи ҳакамонро ба худ ҷалб намуда, сазовори ҷойи дуюм гарданд. Бо ин натиҷа онҳо ба даври вилоятии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» роҳхат гирифтанд.
Ин дастоварди назаррас шаҳодати он аст, ки донишҷӯдухтарони Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар на танҳо дар соҳаи тиб, балки дар ҳунари кадбонугӣ низ қобилият ва завқи баланди эҷодӣ доранд. Ба ғолибон дар даври минбаъдаи озмун комёбиҳои боз ҳам бештар таманно дорем!




