Ба Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти умумии асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ тибқи созишномаҳои байнидавлатӣ, инчунин шахсони бетабаа қабул карда мешаванд. Қабули донишҷӯён ба гурӯҳҳои буҷавӣ танҳо барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Дар гурӯҳҳои шартномавӣ бошад, ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳам шаҳрвандони хориҷие, ки ҳуҷҷати таҳсилоти миёнаи умумӣ ё умумии асосии онҳоро баробарэътироф намудааанд, ҳуқуқи таҳсил доранд. Қабули довталабон ба Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” дар шакли таҳсили рӯзона барои шахсони то 30-сола ва дар шакли таҳсили шабона бе маҳдудияти синну сол анҷом дода мешавад. Таҳсил дар Коллеҷ ба забони давлатӣ – тоҷикӣ ба роҳ монда шуда, довталабон дар шакли таҳсили рӯзона аз рӯи ихтисосҳои зерин қабул карда мешаванд:
ТАҲСИЛОТИ РӮЗОНА
Бо мӯҳлати таҳсили 4 – сола:
- “Кори табобатӣ”, бо додани тахассуси “Ҳамшираи (бародари) тибби оилавӣ” (буҷавӣ ва шартномавӣ);
- ”Кори момодоягӣ”, бо додани тахассуси “Момодоя” (буҷавӣ ва шартномавӣ);
- ”Кори ҳамширагӣ”, бо додани тахассуси “Ҳамшираи (бародари) тиббӣ” (шартномавӣ);(дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) (с.9)
- “Кори фарматсевтӣ”, бо додани тахассуси “Ёрдамчии фарматсевт” (шартномавӣ); (дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) (с.9)
Бо мӯҳлати таҳсили 3- сола:
- ” Кори ҳамширагӣ”, бо додани тахассуси “Ҳамшираи (бародари) тиббӣ” (буҷавӣ ва шартномавӣ);
- “ Кори фарматсевтӣ”, бо додани тахассуси “Ёрдамчии фарматсевт” (шартномавӣ);
- “Кори дандонсозӣ”, бо додани тахассуси “Техники дандон” (шартномавӣ).
- “Кори табобати дандон”, бо додани тахассуси “Ёрдамчии табиби дандон” (шартномавӣ).
ТАҲСИЛОТИ ШАБОНА
Бо мӯҳлати таҳсили 4 – сола:
- ”Кори момодоягӣ”, бо додани тахассуси “Момодоя” (буҷавӣ ва шартномавӣ);
- “Кори табобатӣ”, бо додани тахассуси “Ҳамшираи (бародари) тибби оилавӣ” (буҷавӣ ва шартномавӣ);
Бо мӯҳлати таҳсили 3- сола:
- “Кори ҳамширагӣ”, бо додани тахассуси “Ҳамшираи (бародари) тиббӣ” (шартномавӣ);
- “Кори фарматсевтӣ”, бо додани тахассуси “Ёрдамчии фарматсевт” (шартномавӣ) қабул карда мешаванд.
- “Кори дандонсозӣ”, бо додани тахассуси “Техники дандон” (шартномавӣ).
Имтиҳонҳои дохилшавӣ тариқи Маркази Миллии Тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад
Номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки довталабон ба комиссияи қабул месупоранд.
- Ариза ба номи директор.
- Ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (умумии асосӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таҳсилоти миёнаи касбӣ ва таҳсилоти олии касбӣ) намунаи асл.
- Маълумотномаи тиббӣ (шакли №038).
- 6 адад расм (андозаи 3х4см).
- Шиноснома (шаҳодатномаи таваллуд).
- Маълумотнома аз ҷои истиқомат.
- Билети ҳарбӣ (шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда).
- Ҳангоми будани собиқаи корӣ нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ.
- Хислатнома аз ҷойи кор.
- Нусхаи қарордод байни довталаб ва муассисаи таълимӣ (танҳо барои шахсоне, ки аз ҳисоби буҷаи давлат таҳсил мекунанд). Нусхаи қарордодро муассисаи таълимӣ омода менамояд ва дар вақти супоридани ҳуҷҷат аз тарафи довталаб ба расмият дароварда мешавад.
- Нусхаи қарордод байни довталаб ва муассисаи таълимӣ дар бораи таҳсил дар гурӯҳҳои шартномавӣ. Нусхаи қарордод аз тарафи муассисаи таълимӣ омода карда мешавад.
