Санаи 4 декабри соли 2024 дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” ҷаласаи сайёри Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо иштироки раиси Кумита муҳтарам Фарҳод Раҳимӣ, муовинони ӯ ва беш аз 200 роҳбарони муассисаҳои таълимии тобеи Кумита доир шуд.
Чорабинӣ дар фазои ботантана бо ифтитоҳи расмии Маркази нави тестии Коллеҷи тиббӣ оғоз ёфт, ки бо иштироки шахсан раиси Кумита муҳтарам Фарҳод Раҳимӣ сурат гирифт. Ин марказ, ки ба таҷҳизоти пешрафтаи технологӣ муҷаҳҳаз гардидааст, дорои 70 моноблоки муосир буда, имконият медиҳад, ки дар як вақт то 70 донишҷӯ дар шароити комилан шаффоф имтиҳон супоранд. Ифтитоҳи ин марказ як қадами бузурги навбатӣ дар ҷиҳати беҳтар кардани сифати таҳсилоти касбӣ ва шаффофияти имтиҳонсупорӣ мебошад. Инчунин, марказ бо системаҳои пешрафтаи назоратӣ таъмин гардида, барои таъмини бехатарии донишҷӯён ва қонуният дар ҷараёни санҷишҳо мусоидат менамояд.
Дар идомаи барнома, раиси Кумита ва ҳайати ҳамроҳи ӯ бо дигар дастовардҳои Коллеҷ аз наздик шинос шуданд. Пеш аз ҳама, меҳмонон ба Маркази тибби мардумӣ ташриф оварданд, ки бо кӯмаки Кумита таъсис ёфтааст. Ин марказ барои ҳифз ва эҳёи усулҳои анъанавии табобат дар шароити муосир фаъолият намуда, ба омӯзиши донишҷӯён дар самти тибби мардумӣ мусоидат мекунад. Раиси Кумита зимни шиносоӣ бо фаъолияти марказ онро як намунаи арзишманд дар пешбурди анъанаҳои миллӣ дар ҳамбастагӣ бо илми муосир арзёбӣ намуд.
Илова бар ин, ҳайати меҳмонон аз Маркази таълимӣ оид ба ғизо дидан карданд, ки бо мақсади беҳтар кардани шароити ғизодиҳии модарон ва кӯдакон фаъолият дорад. Дар ин марказ на танҳо дастгирии ғизоӣ, балки омӯзиш ва тренингҳои амалӣ оид ба ғизодиҳии солим низ ба роҳ монда шудааст. Чунин марказҳо ба таври назаррас сатҳи маълумотнокии ҷомеаро дар бораи ғизо ва саломатӣ баланд мебардоранд.
Пас аз шиносоӣ бо марказҳо, меҳмонон ба толори калони маҷлисӣ роҳнамоӣ гардиданд, ки дар он зиёда аз 200 роҳбари муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҷамъ омада буданд. Маҷлис бо суханронии раиси Кумита муҳтарам Фарҳод Раҳимӣ оғоз гардид, ки дар он ҳисоботи муфассали солона оид ба фаъолияти Кумита ироа карда шуд. Дар гузориш, дастовардҳои назарраси соли гузашта, мушкилоти ҷойдошта ва дурнамои рушди соҳа мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Зимни гузориш қайд гардид, ки дар соли сипаригардида соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба як қатор дастовардҳои муҳим ноил гардид, аз ҷумла:
• бунёд ва таҷдиди як қатор муассисаҳои таълимӣ бо дастгирии Кумита;
• ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар раванди таълим;
• таҳкими базаи моддиву техникӣ дар муассисаҳо ва афзун намудани имкониятҳои таълимӣ барои донишҷӯён.
Дар ҷаласа, ки бо муҳокимаи фаъол идома ёфт, роҳбарони муассисаҳо пешниҳодҳо ва тавсияҳои худро оид ба такмили низоми таълим ва беҳтар кардани шароити корӣ баён намуданд.
Чорабинӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва рӯҳияи корӣ баргузор гардида, дар он тасмимҳои муҳими стратегӣ барои рушди соҳа қабул шуданд. Раиси Кумита ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ барои фаъолияти самарабахши онҳо изҳори сипос намуда, зарурати ҳамкории минбаъда барои расидан ба ҳадафҳои миллӣ дар соҳаи маорифро таъкид кард.
Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” бо ифтихор эълон менамояд, ки мизбони чунин чорабинии муҳими ҷумҳуриявӣ гардид. Роҳбарият ва ҳайати омӯзгорони Коллеҷ минбаъд низ бо масъулияти баланд барои рушди таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва пешбурди ҳадафҳои стратегияи миллӣ кӯшиш хоҳанд кард.

By admin

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *