Имрӯз, тибқи дастури директори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар”, номзади илмҳои тиб Одилзода Исмоил Ёкубҷон, декани факултаи “Кори табобатӣ” бо мақсади иҷрои нақшаи кории таълимӣ аз чанд кафедраи коллеҷ боздид ба амал овард.
Зимни ин назорат раванди таълим, ҷараёни дарсҳои назариявию амалӣ, инчунин сатҳи тайёрии донишҷӯён мавриди омӯзиш қарор гирифтанд. Ҳамзамон, таваҷҷуҳи махсус ба риояи нақшаҳои кории устодон, сифати истифодаи маводҳои таълимӣ ва иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар раванди омӯзиш дода шуд.
Тавре таъкид гардид, чунин назоратҳои мунтазам ба баланд бардоштани сифати таълим ва омодасозии мутахассисони соҳибихтисос мусоидат мекунанд. Декани факулта ба устодону кормандони кафедраҳо як қатор тавсияҳо барои беҳтар намудани ҷараёни таълим пешниҳод намуда, омодагии онҳоро барои татбиқи пурраи нақшаи таълимӣ мусбат арзёбӣ намуд.
Ин иқдом боз як қадами муҳим дар самти таъмини сатҳи баланди таҳсилот дар Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар ба ҳисоб меравад.
