4 декабри соли 2024 дар толори Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар маросими бошукӯҳи ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – ватани азизи ман», «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Ин чорабинии пуршукӯҳ бо ташаббуси раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид роҳандозӣ гардида, дар фазои ифтихор ва ваҳдати миллӣ баргузор шуд.
Дар рафти чорабинӣ, ғолибон бо ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд. Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид дар суханронии худ қайд намуд, ки чунин озмунҳо барои рушди маърифат, фарҳанг ва ташаккули истеъдоди эҷодии ҷавонон саҳми босазо мегузоранд. Ӯ таъкид кард, ки таваҷҷуҳи ҳамаҷониба ба ҷавонон ва ҳидояти онҳо ба сӯи ҳадафҳои баланди миллӣ барои пешрафти устувори кишвар аҳамияти бунёдӣ дорад.
Дар ин маросим, донишҷӯи Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар”, Тошпулотова Наргис, ҳамчун ғолиби озмуни «Тоҷикистон – ватани азизи ман» дар номинатсияи сарояндагии жанри анъанавӣ миёни синну соли 12 то 17-сола мавқеи аввалро ишғол намуд. Бо иҷрои баландмазмун ва маҳорати барҷаста, ӯ на танҳо барои худ, балки барои тамоми коллеҷ ифтихор овард.
Ин дастовард, натиҷаи заҳматҳои пайвастаи роҳбарият ва устодони коллеҷ дар тарбияи донишҷӯён, ҳавасмандгардонии онҳо ба донишандӯзӣ ва рушди истеъдод мебошад. Директори коллеҷ қайд намуд, ки роҳбарияти муассиса ҳамеша талош мекунад, ки барои тарбияи насли оянда имкониятҳои васеъ фароҳам оварад ва иштироки донишҷӯён дар чунин озмунҳо далели ин заҳматҳост.
Муваффақияти Тошпулотова Наргис нишондиҳандаи равшани сатҳи баланди таълим ва тарбияи фарҳангӣ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар буда, ба илҳоми ҷавонон ва пешрафти фарҳангӣ саҳми назаррас мегузорад.

By admin

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *