Санаи 3 декабри соли 2024 дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” таҳти роҳбарии директори коллеҷ, н.и.т. Одилзода Исмоил Ёкубҷон, мулоқоти муҳим бо сардорони гурӯҳҳои таълимӣ баргузор гардид. Ин вохӯрӣ бо ҳадафи муҳокимаи масъалаҳои доғи рӯз ва таҳкими муҳити боварибахши таълимӣ сурат гирифт. Дар вохӯрӣ аъзои роҳбарият, муовинони директор, сардорони шуъбаҳо, деканони факултетҳо ва мудирони кафедраҳо иштирок доштанд.
Дар оғози мулоқот роҳбари муассиса таъкид кард, ки ҳамкории дуҷонибаи маъмурият ва донишҷӯён асоси пешрафти ҳар як муассисаи таълимӣ мебошад. Вай ҳамзамон зикр намуд, ки ҷиҳати таъмини шаффофият дар фаъолияти таълимӣ ва пешгирии амалҳои ношоям бояд ҳар як донишҷӯ ва омӯзгор масъулияти шахсии худро дарк намояд.
Яке аз мавзуъҳои муҳиме, ки дар ҷараёни мулоқот муҳокима гардид, ин пешгирӣ аз ҳолатҳои номатлуби коррупсионӣ ё амалҳое, ки метавонанд ба шаффофияти муносибатҳои омӯзгорон ва донишҷӯён таъсир расонанд, буд. Директор бо назардошти аҳаммияти баланд бардоштани сатҳи боварӣ ва эътимод, таъкид намуд, ки ҳар гуна муносибатҳои ғайриқонунӣ бояд аз байн бурда шаванд ва дар сурати пайдоиши чунин ҳолатҳо, донишҷӯён ва кормандон вазифадоранд, ки фавран ба маъмурият муроҷиат намоянд.
Ҳамчунин, мавзӯи ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои манфипараст, аз ҷумла ташкилотҳои ғайриқонунӣ ва экстремистӣ мавриди таваҷҷуҳи хосса қарор гирифт. Роҳбари муассиса таъкид намуд, ки донишҷӯён бояд бо ҳувияти миллии худ ифтихор намуда, аз ҳар гуна равандҳое, ки метавонанд ба амнияти шахсӣ ва ҷомеа таҳдид кунанд, дур бошанд.
Дар қисмати охири мулоқот, масъалаҳои таълимӣ, риояи интизоми дохилӣ, ҳамчунин нақшаҳои оянда барои беҳбуди раванди таълим баррасӣ шуданд. Муҳтарам Одилзода Исмоил Ёкубҷон донишҷӯёнро ба фаъолнокӣ, худшиносӣ ва таҳкими арзишҳои ватандӯстӣ даъват намуд.
Мулоқот дар фазои озоду самимӣ баргузор шуда, сарварони гурӯҳҳо тавонистанд саволҳо ва пешниҳодҳои худро дар байни роҳбарият матраҳ намоянд. Қайд гардид, ки чунин вохӯриҳо минбаъд низ идома ёфта, ба рушди ҳамкории судманд байни маъмурият ва донишҷӯён мусоидат мекунанд.
Мақомоти роҳбарикунанда таъкид карданд, ки танҳо бо якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ метавон фазои таълимиро боз ҳам самараноктар ва боварибахштар намуд.


