Санаи 3 декабри соли 2024, дар доираи ҳафтаи фаннии кафедраи момоӣ ва бемориҳои занонаи Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар”, дарси тарбиявӣ дар мавзӯи “Китоб – калиди дониш” баргузор гардид. Чорабинӣ таҳти роҳбарии омӯзгор Халимзода М. бо иштироки донишҷӯёни гурӯҳи 307-и ихтисоси момодоягӣ дар толори лексионии рақами 11 доир шуд.
Дар оғози дарс омӯзгор Халимзода М. бо суханони таъсирбахш мавзӯъро ифтитоҳ намуд. Ӯ қайд кард, ки китоб манбаи дониш, чароғи ақл, рӯшноии дил ва калиди ҳама дарҳои муваффақият барои инсон аст. “Бе китоб дунёи мо тира ва ҷаҳони мо хира аст,” — зикр намуд ӯ, ки ин суханон муҳаббати донишҷӯёнро ба китоб боз ҳам зиёдтар намуданд.
Омӯзгор ба аҳамияти китоб дар ҷомеа таъкид намуда, ибтикороти Пешвои миллатро дар роҳандозии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дастгирӣ кард. Ӯ афзуд, ки чунин ташаббусҳо сатҳи маърифатнокии аҳолӣ, махсусан ҷавононро баланд бардошта, ба афзоиши миқдори китобхонаҳо ва тақвияти фарҳанги мутолиа мусоидат мекунанд.
Сипас, донишҷӯён дар мавзӯъҳои гуногун сухан ронда, аз таърихи пайдоиши китоб маълумоти ҷолиб пешниҳод карданд. Илова бар ин, онҳо шеърҳои таъсирбахшеро дар васфи китоб кироат намуданд, ки фазои дарсро боз ҳам гарму самарабахш гардонданд.
Дар охир, омӯзгор ба донишҷӯён тавсия дод, ки мутолиаи китобро ҳамчун як ҷузъи асосии ҳаёти худ қабул кунанд. Ӯ таъкид намуд, ки китоб на танҳо манбаи дониш, балки воситаи такмил додани шахсият, таҳкими ирода ва расидан ба орзуву ҳадафҳо мебошад.
Дарси мазкур як мисоли равшани ташкили чорабиниҳои маърифатӣ ва тарбиявӣ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар буд. Чунин чорабиниҳо, ки дар доираи Ҳафтаи фаннӣ гузаронида мешаванд, барои рушди дониш, ҷаҳонбинӣ ва масъулиятшиносии донишҷӯён нақши муҳим мебозанд.
