ОДИЛЗОДА ИСМОИЛ ЁҚУБҶОН
Номзади илмҳои тиб. 17 январи соли 1990 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултети тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2014). Аз соли 2014 то 2015 дар Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Ахмедов Карим дар бахши интернатура аз рӯи ихтисоси табиби “Бемориҳои дарунӣ” таҳсил намудааст. Аз соли 2015 то 2017 дар Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кафедраи “Ревматология бо курси геронтология” дар бахши ординатураи клиникӣ таҳсил кардаст. Соли 2020 то 2023 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (маълумоти дуюм) ғоибона таҳсил намуда, соҳиби ихтисоси ҳуқуқшинос гаштааст.
Собиқаи корӣ:
- аз соли 2015 то соли 2017 ба ҳайси омӯзгори ҳамкор дар кафедраи “Терапия” – и Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”
- аз соли 2017 то 2020 ба ҳайси декани факултети рӯзонаи “Кори ҳамширагӣ” – и Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”
- аз соли 2020 то соли 2024 ба ҳайси муовини директор оид ба корҳои таълимии Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”
- аз моҳи июли соли 2024 то инҷониб ба ҳайси директори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” кор карда истодааст.
Дастовард ва мукофотҳо:
- Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон (2020).
- Аълочии тандурустии Тоҷикистон (2021).
- Барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ (2024).
Соли 2021 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Патологияи кардиоваскулярӣ ҳангоми артрити псоритатикӣ» ҳимоя намудааст. Муаллифи 25 мақолаҳои илмӣ ва 3 китоби таълимӣ. Қавигардонии солимии аҳолӣ – дастурамали таълимӣ (ҳаммуалиф). Душанбе, 2016. Дастури ғизои табобатии стандартӣ дар муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Душанбе, 2022. Псориатический артрит: этиопатогенетические аспекты, клиническая картина, диагностика, спектр и частота встречаемости кардиоваскулярных нарушений — современное состояние проблемы. Душанбе, 2019. Сравнительный анализ и оценка распространенности традиционных факторов риска развития сердечно-сосудистых осложнений и состояния липидного спектра крови у пациентов с ревматоидным и псориатическим артритом. Душанбе, 2019. Комплексный подход к оценке состояния кардиоваскулярной системы у больных псориатическим артритом. Душанбе, 2019. Лечение тяжелых форм псориаза. Душанбе, 2019. Состояние сердечно сосудистой системы у пациентов с Псориатическим артритом (ПСА). Москва, 2019 ва ғ.
